Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе – Варзоб

9-уми сентябри соли равон тахминан соати 11:42 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 66 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб мошини сабукрави тамғаи «Mercedes-Benz», ки ба як сокини 37-солаи деҳаи Лакати шаҳри Истаравшани вилояти Суғд  мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат аз самти хуҷанд ба Душанбе бо мошини боркаше, ки соҳибаш як сокини 33-солаи шаҳри Ҳисор буд, бархурд.

Сабаби ин фоҷеа дақиқ маълум нест, аммо ба эҳтимоли зиёд ҳангоми рӯбарӯ омаданд ронанда натавонистааст мошинеро, ки бо суръат ҳаракат мекард, идора кунад. 

Дар натиҷаи ин садама ду мусофири мошини «Mercedes-Benz»,ки яке 64-сола ва дуюмӣ 79-сола буда, ҳарду сокинони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буданд, ба ҳалокат расиданд.

Ронандаи «Mercedes-Benz» ва ду мусофири дигар, ки ҳамагӣ зода ва сокинони Истаравшан мебошанд, бо ҷараҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол дода шуданд.  

Сабаби ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Бахусус, сафар аз тариқи роҳҳои пурпечутоби кӯҳӣ малакаву таҷриба мехоҳад. Боло бурдани суръат дар чунин роҳҳо нишони далериву нотарсии ронанда набуда, баёнгари беэҳтиётӣ аст ва дар хатар гузоштани ҷони худу ҷони ҳамсафарон мебошад.

барчасп: