Ҷасади ноболиғи ғарқшударо баъди 22 рӯз ёфтанд

Кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав якҷо бо сокинони маҳаллӣ баъди 22 рӯзи ҷустуҷӯҳои пайваста билохира ҷасади як кӯдаки ғарқшударо пайдо карданд.

Ин ҳодиса рӯзи 27-уми августи соли равон рух дода буд. Як сокини 8-солаи шаҳри Турсунзода дар натиҷаи ҳодисаи нохӯш дар рӯди Қаратоғ, дар қаламрави деҳаи Пуштимиёнаи ноҳияи Шаҳринав ғарқ шуда буд.

Кормандони наҷоти шуъбаи Кумита дар ноҳия аз аввалин соатҳои рух додани ҳодиса даст бо корҳои ҷустуҷӯ зада буданд. Маҷрои тези об сабаб мешуд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ ба кундӣ пеш раванд. Дирӯз ин ҷасадро 5 километр дуртар аз маҳалли ҳодисаа пайдо ва ба соҳибонаш супурданд.

Аз аввали соли равон даҳҳо ҳодисаи бар асари бепарвоиву беназоратии волидон ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони ин ноболиғон ба волидон муроҷиат мекунад, ки нури чашмони худро беназорат нагузоранд. Зеро фосилаи марг ва ҳаёт барои одами ғарқшаванда ҳамагӣ чанд сония аст, на аз ин беш.

барчасп: