Семинари омӯзишӣ дар Хатлон

Дар асоси Нақшаи моҳонаи чорабиниҳо оид ба “Рузи байналмиллалии коҳиши хатариофатҳои табиӣ – 13 октябр” рузи 19 сентябр бо иштироки сардорони шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва намояндагони шуъбаҳои маориф семинари омузишӣ бо дастгири Агентии Оғо Хон оид ба макони зист  гузаронида   шуд.

Мақсади асоси семинари мазкур ин баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, ба роҳ мондани барномаҳои омӯзишӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда, ҳамкории наздик бо сардорони шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо ва инчунин дар сатҳи баланд гузаронидани “Рузи байналмиллалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ – 13 октябр”  дар муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  буд.