Нуқтаи тиббӣ барои паноҳандагони эҳтимоливу зарардидагони офатҳои табиӣ пас аз таъмир барои истифода омода шуд

seremoniya

11 январи соли 2023 дар маркази ҷойгирии муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ ва онҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд, маросими ба истифода супурдани нуқтаи тиббӣ баъди таъмир баргузор шуд. Ин нуқтаи пазириши паноҳандагон ва афроди зарардида аз офатҳои табиӣ дар ноҳияи Ҷалолуддин Румии вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Дар  маросим намояндагони  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо сарварии роҳбари Департаменти дастгирии кишварӣ, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доктор Гундо Уэйлер ва роҳбарон ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.  

Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҳотамшо Латифзода меҳмононро бо нуқтаи тиббӣ шинос намуд ва санади супурдани биноро ӯ ва доктор Гундо Уэйлер имзо намуданд.

Ин нуқтаи тиббӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии КҲФ бо шарикони байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо сохта шуд. 

Ин нуқта имкон медиҳад, ки дар сурати сар задани офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда тақрибан 100 оилаи аз манзил ва амволи худ маҳрумшуда бо ҳадди ақали ашёи зарурӣ: хайма, дорухонаи шахсӣ, зарфҳои об, бастаҳои беҳдоштӣ, болишту кӯрпа ва маҷмаъаҳои ошхонаӣ таъмин бошанд.

Ин нуқта ҳамчунин бо оби нӯшокӣ, неруи барқ, душ ва ҳоҷатхонаву дигар васоли зиндагӣ таъмин аст.

барчасп: