КҲФ: Хатари лағзиши тарма дар ду рӯзи оянда боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар навоҳии кӯҳӣ, ҳамчунин дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз,  Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Ҳамчунин дар натиҷаи гармии рӯзона ва об шудани барфҳо сардии шаб боиси яхбандӣ дар роҳҳо мешавад.

Аз ин рӯ, аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунем дар ин рӯзҳо аз раву дар қитъаҳои хатарноку осебпазир ба қасди ҷамъоварии ҳезуму роҳандозии корҳои дигар худдорӣ намоянд. 

КҲФ ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки агар сафар зарур шуд, бояд аввал мошини худро аз назар гузаронанд, чархҳои фарсударо бо нав иваз кунанд, ҳама лавозимоти барои ин рӯзҳо зарурро бо худ бигиранд. 

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳои сарду тармахез басо эҳтиёткор бошанд!

барчасп: