Се хабар аз фаъолияти имдодгарон дар рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо буридани шохи шикастаи як дарахти бузург хатар ба ҷони одамонро рафъ карданд. Дари бастаи як сокини шаҳри Душанберо боз намуданд ва гурбаеро, ки дар қоши бинои меҳмонхона дармонда буд, наҷот доданд.

Занги аввал. Рӯзи 19-уми январи соли равон соати 14:00 бо вақти Душанбе навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии Сино-2 пойтахт ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки як шохи азими дарахти бузурге, ки дар ҳавлии шуъба ба камол мерасад, баногоҳ аз вазни барфи зиёд сархам шудаву шикаста ва ба ҷони одамон хатаровар шудааст.

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри  Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва филҳол ин шохи шикастаро арра кардаву хатарро рафъ намуданд. 

Даъвати дуюм. Соати 19:37 як сокини хиёбони Рӯдакии пойтахти кишвар, бинои 177 занг зад ва хабар дод, ки дараш баста шудаву наметавонад вориди манзилаш шавад. Наҷотдиҳандагон ба суроғаи номбурда расида, дарро бо воситаи таҷҳизоти вижа беосеб боз карданд. 

Даъвати сеюм. Соати 20:38 дақиқаи шоми гузашта шаҳрвандон занг заданд, ки дар қоши бинои меҳмонхонаи “Душанбе” як гурба дармондааст ва ҳарчанд талош дорад, наметавонад худро раҳо кунад.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, гурбаро беосеб аз макони дармондааш озод краданд ва ба соҳибаш супурданд. 

барчасп: