Ҳалокати духтари 16-сола дар оби яхбастаи дарёи Хонақоҳ. КҲФ: Волидон набояд фарзандони нобилағашонро беназорат гузоранд!

Рӯзи гузашта, 19-уми январ тахминан соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гаҷаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтанд. Бо талоши ҳамсоҳо писарбача аз  марг наҷот дода шуд.

Ҷустуҷӯи духтари ноболиғ то соати 18:40 дақиқа идома кард. Билохира ҷасади ӯро 30 метр поитар аз маҳалли ҳодиса пайдо намуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волидони ин духтари ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ мекунад. Ҳамзамон аз падарону модарон бо эҳтиром хоҳиш менамояд кӯдакони худро беназорат нагузоранд.

Ҳатман фарзандонатонро аз хатарҳои эҳтимолии гузаштан аз оби рӯду кӯлҳо, ки қабати начандони ғафси яхӣ доранд, огоҳ намоед! 

барчасп: