Имдодгарон хатари об дар таҳхонаи як бинои мактаб дар шаҳри Душанберо рафъ карданд

28-уми январи соли 2023, соати 09:59 дақиқа ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки таҳхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 107 воқеъ дар маҳалли Гулистони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қубури обгузар сӯрох шудаву таҳхонаи бино  тақрибан 20-25 сантиметр аз об пур шудааст.

Баъди дарёфти хабар, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат соати 10:05 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.

Наҷотдиҳандагон бо истифода аз насосҳои обкаш оби таҳхонаро берун оварда, соати 11:40 дақиқа ҳолати баамаломадаро бартараф намуданд.

Ҳамчунин рӯзи 29-уми январи соли равон, соати 22:56 дақиқа як сокини кўчаи Неъмат Қарабоев  бинои №24/1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста шудаву наметавонад ба он ворид шавад.

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва соати 23:30 дақиқа дари хонаро боз карданд.

барчасп: