КҲФ: Хатари лағзиши тарма то 21-уми феврал боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки баъди бориши шадиди барф ва гарм шудани дамои ҳаво дар рӯзҳои 18-21 феврали соли 2023 дар  роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор ва  ғарби ВМКБ, роҳҳои Душанбе-Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ҷилондӣ, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тарма меафзояд.

Кумита аз кулли сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёт кунанд ва ба минтақаҳои тармахез сафар накунанд. 

Аз роҳандозии ҳар гуна корҳои дигар, аз ҷумла ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ худдорӣ намоянд. 

Бахусус, ронандагон бештар бояд эҳтиёт кунанд. Ба таъхир андохтани сафар бо роҳҳои кӯҳӣ гарави бехатарии шумст. Вале агар сафар кардед, пас бояд ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

барчасп: