Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадид ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 4-6-уми апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад. 

Бар асари боришоти шадид ин гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ имкони рух додан доранд:

— эҳтимоли афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо бар асари хатари селҳо дар роҳҳои мошингард;

— дар сурати вайрон шудани системаи захбурҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо аз серборишӣ зери об мондани эҳтимолии маҳалҳои аҳолинишин;

 —эҳтимоли зери об мондани қисмате аз роҳҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро ва ҷорӣ гаштанаш дар роҳҳо, ки метавонад сабаби зери об шудани майдонҳои кишти сари роҳ гардад. 

Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, иншооти таблиғотиву рекломҳо шавад. 

Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан аз наздик шудан ба хастҳои интиқоли барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти камэътимод худдорӣ намоед.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Дар чунин рӯзҳои сербориш рафтан ба саҳрову доманкӯҳҳо ба қасди ҷамъварии занбӯруғ, чорворчаронӣ, моҳидорӣ ё шикор маслиҳат нест.

 Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо телефонҳои 112; (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 хабар диҳед.