Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармо ва хокбориши рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба сабаби вуруди мавҷи ҳавои гарму хушк аз минтақаҳои ҷанубу шарқӣ болоравии дамои ҳаво интизор меравад.

Дар ин рӯзҳои ҳавсанҷҳо метавонанд дамои ҳаворо дар водиҳои 35+45 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ва навоҳии кӯҳӣ 35+40 дараҷа нишон диҳанд. Дамои ҳаво метавонад дар навоҳии кӯҳии кишвар то ба +36 дараҷа расад.

Шамол дар қисматҳои ҷанубу ғарб ба шиддати 15-20 метр дар як сония мевазад ва аз 9 то 12 июни соли 2023 дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин рӯзҳои 10-12 июн эҳтимол аст дар водиҳои вилояти Суғд низ хокбориш ба қайд гирифта шавад. 

Болоравии дамои ҳаво сабабгори об шудани пиряхҳо мешавад ва ин метавонад сатҳи обро дар рӯдхонаҳо боло барад. Эҳтимоли омадани селҳо дар маҳалу минтақаҳои мухталифи навоҳии тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд зиёд аст.

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолатҳо:

  • аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;
  • дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, то имкон доред, худро эҳтиёт кунед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;
  • бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нушед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед;
  • бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;
  • шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;

ва бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.