Хабарҳои рӯзи гузашта. Ҳалокати ду ронанда аз деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич дар Дарвоз...

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо, рӯйдоди нохуш дар обҳо ва роҳи мошингарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз-Ванҷ ба қайд гирифта шуд. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ доштанд.

Чунончӣ, як ронандаи 43-солаи мошини боркаши тамғаи «DAF», сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар ҳудуди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ҳангоми боз кардани дари ақиби бордони мошин ба ноқили барқӣ бархӯрда, бар асари расиши қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Баробари мушоҳидаи ин ҳодиса ронандаи дигари ин мошини боркаш, сокини 26-солаи ҳамин ноҳия ба кумаки ӯ шитофт, вале ӯ низ аз таъсири қувваи барқ ҳалок шуд.

Ин ҳарду зодагони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич буданд. Аввалӣ соҳиби 4 фарзанд ва дуюмӣ оиладор буд, вале фарзанд надошт. Ҳарду аз як авлод: тағову ҷиян.

Бино ба гузориши қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар ВМКБ 12-июни соли равон бар асари болоравии дамои ҳаво ва об шудани пиряхҳо сатҳи об дар рӯзи Ғунд, ки дар қаламрави деҳаи Роҳи навии ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон боло рафт.

Оби хориҷшуда аз соҳил Гидропостеро, ки дар деҳаи Роҳи нав ҷойгир аст, шустааст.

Талафоти ҷонӣ нест.

12-июни соли ҷорӣ бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар дарёи Сир сокини 41-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ғарқ шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз сокини 34-солаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар обанбори НОБ-и Сангтӯда ба ҳалокат расид. 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо аҳолии минтақа ҷасади ҳалокшудагонро пайдо ва ба хешовандонашон супурданд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад вақти оббозӣ ва будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариву амниятро ҷиддан риоя намоянд.

Оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва ба танҳоӣ дар шабҳангом ва дар ҳоли мастӣ манъ аст.

Волидон кӯшиш кунанд фарзандони ноболиғи худро тани танҳо нагузоранд ва ҳамеша онҳоро назорат намоянд!

барчасп: