Ҳалокати як нафар дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич, ки зери девори мактаб монда буд

Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз селҳо дар шабонарӯзи гузашта, бартараф кардани хатари жола дар баъзе минтақаҳои кишвар ва кумаки имдодгарон ба аҳолӣ хабар дод.

Чунончӣ, 13 июни соли равон соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ борони пуршиддат сабаби омадани сел дар қаламрави деҳаи Ростровути ноҳияи Деваштич шуд.

Дар натиҷа таҳхонаи баъзе сокинони деҳа қисман зери об монд. Ҳамчунин ин сели азим сабабгори он гашт, ки девори мактаби деҳа фурӯ рафтааст ва як нафар сокини ин деҳа зери ин девори фурӯрафта ба ҳалокат расидааст. 

Барои баратараф намудани паёмадҳои сел Комиссияи ноҳияии ҳолатҳои фавқулодда ба кор оғоз кард.

Бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ аз жола шабонарӯзи гузашта Хадамоти зидди жолаи КҲФ ба фазои пурабри ноҳияҳои Ҷалулуддини Балхӣ, Хуросон, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон ва шаҳри Ваҳдат 42 мушак партоб намуд.

Дар натиҷа садҳо гектар заминҳои кишт аз зарари эҳтимолии жола эмин монданд.

13 июни соли 2023 соати  19:21 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар натиҷаи шамоли сахт дар кӯчаи Беҳзоди пойтахт як дарахти хушки аз пой фитода, роҳро барои ҳам нақлиёт ва ҳам пиёдаравон банд кардааст. 

Барои расонидани кумаки амалӣ ба ҷойи ҳодиса дастаи имдодагарони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе эъзом гардид.

Бо ёрии техникаи махсус хатари ба вуҷудомадаро бартараф карданд ва роҳро барои сокинон ва нақлиёт боз намуданд.

 

барчасп: