Наҷоти як ҷавони 20-сола, ки дар “Баҳри тоҷик” ғарқ мешуд

Наҷоти як ҷавон

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як ҷавони 20-соларо, ки дар “Баҳри тоҷик” ғарқ мешуд, наҷот доданд.

Ин ҳодиса рӯзи гузашта, 14-июни соли 2023 рух дод. Имдодагрон, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар соҳили обҳои вилоят навбатдорӣ мекнанд, бо дурбин диданд, ки дар наздикии осоишгоҳи “Соҳил”, дар як минтақаи хатарнок ҷавоне дасту по мезанад ва қариб аст ғарқ шавад.

Онҳо фавран ба макони ҳодиса худро расонданд ва ҷавонро наҷот дода, то ба соҳил саломат оварданд.

Дар соҳил барояш кумаки аввалияи тиббӣ расонданд ва чун ба худ омад, аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ кард.

Маълум гардид, ки ин ҷавон сокини ноҳияи Зафаробод буда ва дар ҷойе оббозӣ мекард, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашуда буд.

барчасп: