Корҳои таблиғотӣ вилояти Хатлон

Корҳои таблиғотӣ вилояти Хатлон

Рӯзҳои истироҳат бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар соҳили обҳои қаламрави вилояти Хатлон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар масҷиди ҷомеи марказии  «Ҳазрати Муҳаммад», мосоҷиди ба номи «Имоми Аъзам», «Хоҷӣ Муҳамадшарифи Соҳибзода», «Абдуллоҳ Бобохонов» ва «Абубакри Сиддик»-и шаҳри Бохтар корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ карданд.

 Кормандон дар баромадҳои худ аз намозгузорон хостаанд, ки фарзандони худро дар соҳили обҳо беназорат нагузоранд, зеро сабаби аслии марги кӯдакон маҳз беназоратии волидон аст. Кормандони Раёсат инчунин аҳамияти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва риояи талаботи Қонуни мазкурро шарҳ доданд. Дар суҳбатҳо бештар аз 3640 нафар намозгузорон иштирок намуданд.

Ба имомҳои масоҷид Муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи риояи қоидаҳои амнияту бехтарӣ дар соҳили махзанҳои об супурда шуд, то пеш аз ҳар намоз онро ба диққати намозгузорон расонанд. 

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар мавсими шиноварӣ кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила, Раёсати кор бо ҷавонон ба ду самт – ба ноҳияҳои Вахш ва Қубодиён тақсим карда шуданд. Гурӯҳи корӣ дар соҳилҳои дарёю каналҳои минтақаҳои зикршуда корҳои таблиғотӣ ва рейдҳо гузарониданд.

 Дар рейдҳо 11-12 нафар бачаҳои аз 7 то 14-сола ба қайд гирифта шуданд, ки мустақилона дар соҳили обҳо гардиш мекарданд. Кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон нисбати волидони онҳо санади маъмурӣ тартиб доданд.

барчасп: