Наҷоти кӯдакон дар лифти харобшуда

23 июни соли 2023 соати 14:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки лифти хонаи 39/3 кӯчаи ба номи Айнии шаҳри Душанбе хароб шудаву ду кӯдак дар дохили он мондааст.

 Барои кумак навбатдрон аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сафарбар шуданд.

“Ду кӯдаки 7-8-сола вақти бозгашт аз кӯча вориди лифт шудаанд. Лифт ба ҳаракат даромада, миёни ошёнаҳо вайрон шудааст. Модари яке аз ин тифлон бо шунидани садои гиряи фарзандаш филҳол ба қисми навбатдории КҲФ занг задааст”, - гуфтанд наҷотдиҳандагон.

Онҳо ба ҷойи ҳодиса расида, баъди 15 дақиқа бо ёрии дастгоҳи гидравликии наҷот дари лифтро боз карданд.

Кӯдакон ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.