Лағзиши тармаву резиши санг дар шабонарӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари боришоти шадид лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ набуд. Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди кишвар панҷ ҳодисаи лағзиши тарма ва ду ҳодисаи резиши санг сабт шуд.

Чунончӣ, 17 феврали соли 2024, соати 19:05 ба вақти маҳаллӣ дар километри 550-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки аз ҳудуди шаҳраки Химбихсени ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Тарма барои муддате роҳро баст. Бо ҷалби техникаи вазорати нақлиёти кишвар роҳ аз барф поккорӣ шуд ва соати 08:00 рӯзи 18 феврал ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. 

18 феврали соли 2024, соати 02:30 дар километри 31-32 шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз ҳудуди шаҳраки Барҷири ҷамоати деҳоти ба номи А.Замирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.  Ин тармарезӣ низ боиси қатъи ҳаракати мошинҳо шуд. Бо истифода аз техникаи Вазорати нақлиёти кишвар роҳ аз барф тоза ва соати 11:41 дақиқа ҳаракати мошинҳо шуруъ гардид.

18 феврали соли 2024 соати 08:00 бар асари боришоти тӯлонӣ дар километри 24-уми шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз ҳудуди деҳаҳои Пиш ва Нишӯс мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд. Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ роҳ тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.

19 феврали соли 2024, соати 06:30 дақиқа дар километри 356-уми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ резиши санг боиси баста шудани роҳ шуд. Бо кумаки техникаи Вазорати нақлиёти кишвар роҳ ба зудӣ тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

19 феврали соли 2024, соати 08:06 дар километри 674-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма, ки аз ҳудуди деҳаи Вери ноҳияи Шуғнони ВМКБ мегузарад ва дар километри 26-27-и роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Қулма лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб баста шуда, кори тоза кардани роҳ аз барфтӯда идома дорад.

Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар ба қайд гирифта нашудааст. 

Тибқи пешгӯии ҳавошиносони кишвар, бориш то 21 феврали соли 2024 давом карда, дар ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, ярч, сангрезию сел боқи мемонад. Ҳамчунин аз ях бастани роҳҳо ва фаромадани туман низ гузориш дода шудааст.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳии минтақаҳои ёдшуда сафар накунанд. Дар чунин рӯзҳо роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор ва моҳидорӣ низ маслиҳат нест.

Ба ронандагон лозим меояд ҳангоми ҳаракат дар ин роҳҳо фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд. Ҳар қадар мошинҳо дар фосилаи дур аз якдигар ҳаракат кунанд, ҳамон андоза амнияту бехатарии ронандагону мусофирон таъмин аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёт кунанд!

барчасп: