Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди се рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27-29-уми феврали соли равон дар ноҳияҳои наздикӯҳиву кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари бориши барфу борон хатари лағзиши тарма ва дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт кунанд.

Барои пешгирӣ аз паёмадҳои сел ҷӯву каналу заҳбурҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯба ва сангу шағал тоза кунанд.

Дар чунин рӯзҳои рафтан ба шикору моҳидорӣ ва ғунучини ҳезун маслиҳат нест.

КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ, гардишагрон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Бахусус риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии таъмини бехатарӣ мебошад.

барчасп: