Берун кашидани марди шаробхӯрда, ки ба чоҳи семетра фирӯ рафта буд

28 феврали соли 2024 соати 19:56 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як мард занг зад ва хабар дод, ки дар кӯчаи Аҳмади Дониш №17, наздикии тарабхонаи «ОК» марде ба чоҳи семетра уфтод ва ба кумак ниёз дорад.

Барои расонидани ёрӣ дастаи навбатдорон аз воҳиди наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса фиристода шуд.

Имдодгарон бо ресмон ба умқи ин чоҳ рафтанд ва ӯро бо эҳтиёт боло оварданд. Алакай дар ҷойи ҳодиса духтурон ӯро интизор буданд. Маълум шуд, ки ин мард дар ҳоли сархӯшӣ аз шароб ба ин чоҳ  фурӯ рафтааст. 

Соати 03:39 дақиқаи рӯзи 29-уми феврали соли равон як зан, сокини кӯчаи Тилло Пӯлодӣ, хонаи 41 занг зад. Вай хабар дод, к иду бошандаи ин бино андаруни лифт мондаанд ва ба ёрии фаврӣ ниёз доранд. 

Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе филҳол расиданд.

Маълум шуд, ки ин ду сокини бино вақте ба хона бармегаштанд, савори лифт шуданд, вале он миёни ошёнаҳои бино дармонд. Беш аз як соат мунтазир шуданд, ки лифт дубора ба кор медарояд. Ба хадамоти садамавӣ ва диспетчер занг заданд, аммо касе ба имдодашон нарасид. Ноилоҷ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг задаанд.   

Имдодгарон бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари лифтро боз кардан два сокинонро аз он берун оварданд.

Онҳо ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд.