Идома корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар Ваҳдат

Дар ҷамоатҳои деҳоти зарардидаи шаҳри Ваҳдат 21 майи соли 2024 корҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ идома ёфтанд.

Чунончӣ, дар ҳудуди деҳаи Ромити ҷамоати деҳоти Ромит бо ёрии техникаи муҳандисӣ корҳои тозакунӣ ва барқарорсозии 80 метр соҳили дарёи байнидеҳаӣ гузаронида шуданд. Дар ҳудуди деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ бо истифода аз 1 адад техникаи вазнини муҳандисӣ масофаи 25 метр корҳои соҳилбандӣ дар дарёи Симиганҷ гузаронида шуданд.

 Дар ҳудуди деҳаи Варва, ҷамоати деҳоти Ромит бо истифода аз экскаватор корҳои тоза кардани роҳи байни деҳа аз сангу гил  гузаронида шуданд.

Инчунин, 50 метр соҳили дарёи Кофирниҳон, ки аз кӯчаи Чорбоғ то маркази шаҳр мегузарад, бо истифода аз 5 адад техникаи муҳандисӣ ва 50 девораи оҳани бетонӣ корҳои соҳилбандӣ гузаронида шуданд. Минтақаҳои зарардида таҳти назорати доимии Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат қарор доранд.

барчасп: