Ҳалокати ду нафар дар обҳои кишвар дар шабонарӯзи гузашта. Яке аз онҳо шаҳрванди Ҳинд буд

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду амалиёти наҷот дар обҳо ширкат карданд.

Чунончӣ, 22 майи соли 2024 соати 12:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар селгузари деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара як шаҳрванди хориҷӣ ғарқ шуд. 

Фаврӣ ба ҷойи ҳодиса дастаи имдодгарон аз гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб эъзом шуд. Ба ҷойи ҳодиса расида маълум карданд, ки ин ҳодиса замоне рух додааст, ки донишҷӯён оббозӣ мекарданд. Дӯстонаш гуфтанд, ки бар асари беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ғарқ шуд.

Соати 18:20 дақиқа ғаввосон ҷасади донишҷӯро аз об берун оварданд.

Маълум гардид, ки ӯ сокини шаҳри Керолои кишвари Ҳиндустон буда, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино таҳсил мекардааст. Ҷасади марҳум барои ташхис ба кормандони милитсия супурда шуд.

Ҳодисаи дуюм дар шимоли кишвар ба қайд гирифта шуд. 22  майи соли 2024 тахминан соати 17:30 дақиқа як сокини 30-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми идораи гидросикл дар обанбори «Баҳри тоҷик» ба сабаби рияо накардани қоидаҳои бехатарӣ дучори садама шуд ва дар об ғарқ гардид.

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд соати то соати 21:30 дақиқа ҷасадро ҷустанд, вале ин ҷустуҷӯҳо натиҷа надод. Субҳи рӯзи 23 май корҳои кофтукоби ҷасад аз сар гирифта шуд. 

Кумита такроран аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангому будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои шиновариро ҷиддан риоя кунанд.

барчасп: