Ҷасади марде, ки рӯзи 22 май ғарқ шуда буд, пайдо шуд

Дар 24 соати гузашта дар кишвар бар асари ҳавои номусоид, боронҳои пуршиддат ва шамоли сахту раъду барқ омадани селҳо ба қайд гирифта шуда, ҳамчунин имдодгарони КҲФ  ҷасади як нафари ғарқшударо дар шимоли кишвар пайдо карданд.

23-юми майи соли 2024 соати 16:03-дақиқа ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии рӯиобиву ва зериобӣ дар обанбори «Баҳри Тоҷик» наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд ҷасади мардеро, ки рӯзи 22 май ғарқ шуда буд, пайдо ва аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

23 майи соли 2024, тахминан соати 10:30 дар деҳаи Каҷровути ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд барқ ба иншоооти ёрирасони як сокини деҳа ва як дарахт дар ҳамин деҳа осеб расонд.  

23 майи соли 2024 дар километри 43 роҳи мошингарди Сангвор-Дарвоз, ҳамчунин аз километри 1 то километри 3 роҳи мошингарди Лаби Ҷар-Сангвор сел омад. Дар айни замон роҳ барои ҳаракат мошинҳои гаронбор баста аст. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома дорад.

КҲФ ёдовар мешавад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои номусоид то рӯзҳои 26-27 май боқӣ мемонад. Омадани селҳо, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ, ярч имкон дорад.

ЭҲТИЁТ КУНЕД!

барчасп: