Ҷаласаи гуруҳи арзёбии сареъ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе

Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар ниятҳои худ оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боло бурдани зарфиятҳои КҲФ чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳимояи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва қаламрави ҶТ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳои техногенӣ андешаи воҳид доштанд.

15 – уми декабри соли равон таҳти раисии Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, ҳамчунин ширкати сарварони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи арзёбии сареъ ва ҳамоҳангсозӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор шуд. 

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тасдиқи нақшаи байниидоравии захиравӣ барои соли 2018 оид ба методологияи арзёбии зарар ва эҳтиёҷ гузошта шуда буд, гузинаҳои расонидани кумакҳои башарии байналмилалӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли пеш омадани офати табиӣ пешниҳод шуданд. Командони масъули Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ аз таҷрибаҳои худ дар ин бобат сухан ронданд. 

Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон бо омодагии воҳидҳои наҷоти КҲФ ба давраи зимистон шинос карда шуданд. 

Раиси КҲФ ба созмонҳои байналмилалӣ барои дастгириашон ҷиҳати бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда изҳори миннатдорӣ намуд, ба ширкаткунандагон оид ба офатҳои табиӣ, ки аз аввали соли 2017 дар кишвар рух доданд, маълумот дод.  