Аксияи беҳдоштӣ дар Хатлон

Барои ба низом даровардани соҳили обанбору ҳавзҳо, ҳамчунин рушди фаъолиятнокии ҷамъиятӣ ва муносибати боэҳтиёти шаҳрвандон ба табиат дар вилояти Хатлон аксия роҳандозӣ шуд.
Кормандони Ситоди КҲФ дар вилояти Хатлон якҷо бо намояндагони хадамоти нақлиёт ва роҳи вилоят аксия ба хотири тоза кардани ҷӯйборҳои сари роҳҳо дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон баргузор карданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ ширкаткунандагон ҷӯйбори дарозиаш то 400 метрро аз хасу хасрӯбаҳо, баргҳои хазон тоза карданд. Ҳамчунин гузаргоҳҳо ва растаҳо низ поккорӣ шуданд.
Ин иқдом дар ноҳияҳои дигар идома хоҳад ёфт.