Ситодҳои минтақавӣ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст карданд

Дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ қайд карда шуд, ки фаъолиятҳои асосӣ ба самти пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин тамили системаи мудофиаи гражданӣ бо назардошти талаботи муосир, баланд бардоштани сатҳи омодагии мақомоти идорӣ, нерӯ ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ ба иҷрои вазифаҳои таъиншуда равона шуда буд.

Дар ҳамаи Ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин қисмҳои ҳарбии Кумита фаъолияти яксола ҷамъбаст гардид, ки дар ҷаласаҳои он ҷонишини аввал ва ҷонишинони Раиси Кумита ширкат карданд.

Дар рафти ҷаласаҳо маърӯзаи роҳбарони Ситодҳои КҲФ дар се вилоят ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба натиҷаи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соли 2017 шунида шуданд, масъалаҳои нисбатан муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ҳамчунин дар бораи омодагӣ ба мавсими зимистон, комёбиҳои ба дастомада дар сол ибрози назар намуданд, дар мавриди бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар кори воҳидҳои минтақавӣ дастуру супоришҳо дода шуданд. 

Дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ қайд карда шуд, ки фаъолиятҳои асосӣ ба самти пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин тамили системаи мудофиаи гражданӣ бо назардошти талаботи муосир, баланд бардоштани сатҳи омодагии мақомоти идорӣ, нерӯ ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ ба иҷрои вазифаҳои таъиншуда равона шуда буд. 

Дар ҳисоботи худ роҳбарони Ситодҳо зикр намуданд, ки кори ҳимояи нуқтаҳои аҳолинишин ва дигар иншоотҳо аз зуҳуроти хатарбори гидрометерологӣ ва геологӣ роҳандозӣ шуда, он ҳамоно идома дорад. Дар ин самт Ситодҳои КҲФ корҳои зиёди пешгирикунандаро анҷом додаанд.