Соли нави бехатар: Чӣ гуна метавон аз таҷҳизоти оташбозиву гулчароғҳо истифода кард?

Соли нав фаро мерасад. Бо наздик шудани он мардумро бештар аз пештар эҳсоси шодиву нишот фаро мегирад. Онҳо гирди арчаи солинавӣ, ки рамзи ҳамин ҷашнвора аст, ба ҳам меоянд. Мерақсанд, шӯхиву бозӣ мекунанд, ҳамдигарро табрику таҳният мегӯянд.

Аммо дар боробари шодиву нишот дар ин ҷашнвора баъзан мусибатҳое ҳам рух медиҳанд, ки бештар аз риоя накардани қоидаҳои бехатарии муносибат бо василаҳои хушнудӣ рух медиҳанд. Аз ҷумла, риоя нашудани талаботи истифода таҷҳизоти оташбозӣ, гулчароғҳо сабаби сӯхтор шуда, ба саломатии инсон зарари љиддї расониданаш аз эњтимол дур нест. Пас истифодаи ин гуна бозиҳо ва василаҳои хушнудӣ ҳам қоидаҳои худро доранд, ки риоя кардани он муњим аст.

  • Аввал: таҷҳизоти оташбозиро танҳо аз мағозаҳое харидорӣ кунед, ки иҷозати расмии фурӯши ин гуна таҷҳизотро дошта бошанд. Танҳо намуду гунаҳои босифати онро харидорӣ кунед ва ҳангоми истифода қоидаҳои онро ҷиддан риоя намоед. 
  • Ќаблан макони оташбозиро муайян кунед, беҳтараш ин корро рӯзона ва дар равшанӣ анҷом диҳед.
  • Ҳангоми шамоли сахт беҳтараш аз баргузории ин гуна бозиҳо худдорӣ намоед.
  • Дар майдоне, ки интихоб кардед, бояд дарахтон набошанд, хати интиқоли барқ аз он убур накунад ва монеаҳои дигари ҳавоӣ низ набошанд. 
  • Ҷойи нишасти бинандагони ин гуна бозиҳоро ҳам аз қабл муайян намоед. Тамошобинон бояд берун аз минтақаи хатар нишаста бошанд
  • Шахси масъуле, ки оташбозиро баргузор мекунад, муайян кунед. Вай бояд ҳушёр бошад, нӯшокии спиртӣ истеъмол накарда бошад ва донад, ки чӣ кор мекунад. Ҳеч вақт дар ҳолӣ сархӯшӣ ё мастӣ аз ин гуна бозиҳо истифода накунед. Истифода он дар ҳоли мастӣ манъ аст!
  • Ҳаргиз кӯшиш накунед, ки бе хондану донистани тарзу тариқи истифода аз ин гуна таҷҳизот истифода намоед. Ҳангоми даргиронидани он манъ аст, ки онро рӯйи дастонатон доред, ба самти он саратонро хам кунед.
  • Пилтаро бояд аз масофаи дуртар ва даст ба пеш ёзонда даргиронед. Баъди истифодаи таҷҳизот ҳадди ақал то даҳ дақиқаи дигар ба он наздик нашавед.
  • Рокетҳо ва гулчароғҳои парвозкунандаро бояд дуртар аз хонаҳои истиқоматӣ ба ҳаво сар диҳанд.

Ҳангоми истифода аз техникаи оташбозӣ чӣ мамнуъиятҳо ҳастанд, ки бояд риоя карда шавад?

Бале, ҳастанд.

  1. Аввал: истифодаи он барои афроди то 18-сола иҷозат нест;
  2. Сигоркашӣ дар назди ин гуна таҷҳизот;
  3. Онро ба замин ҳаво додан ва ё бо пой ё чизи дигар кӯфтан;
  4. Ба оташ партофтани он;
  5. Истифода ин таҷҳизот даруни хона ё иншоот;
  6. Дар ҳоли хомӯш шудани пилта дубора даргирондани он;
  7. Наздик шудан ба таҷҳизоти истифодашуда то 10 дақиқа баъди истифодаи он.

Оре, Соли нав ҷашнест, ки танҳо бояд шодиву сурур дошта бошад. Одамон танҳо ба он хотир гирди ҳам меоянд, ки як таҷлили бошукуҳу мондагор аз он дошта бошад. Вале дар сурати риоя накардани ҳар гуна қоидаи бозиҳо бо таҷҳизоти дар он истифодамешуда мусибатҳоеро метавон интизор буд, ки ҷашнвораро вайрон мекунанд.

Бозӣ бояд зебо, ҷолиб ва диданиву шуниданӣ бошад!

Муваффақ бошед!