КҲФ: "СКАЛА - 2026"

26 феврали соли 2026 вохӯрии нахустин оид ба омодагӣ ба тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ «Скала-2026» тариқи онлайн баргузор гардид.

     Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ иштирок намуда, бо намояндагони сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ масъалаҳои ташкиливу омодагиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Зимни мулоқот таъкид гардид, ки тамрини «Скала-2026» бо иштироки воҳидҳои наҷотдиҳии кишварҳои аъзо аз 13 то 15 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

   Мавзӯи асосии тамрин «Бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ҳангоми рух додани заминларзаи харобиовар» муайян гардида, ҳадаф аз баргузории он тақвияти ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак, баланд бардоштани сатҳи омодабошӣ ва табодули таҷриба байни воҳидҳои наҷотдиҳии давлатҳои иштирокчӣ мебошад.

  Дар анҷоми вохӯрӣ намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳампешагони хориҷии худ оид ба омодагӣ барои ҳамкории муассир ва дар сатҳи баланд баргузор намудани тамрини мазкур изҳор намуданд

барчасп: