Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст кард

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2018 баргузор шуд.

Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, сарварони раёсатҳо, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ширкат карданд. 

Ҳадафи ҷаласаи колегия барарсии интизоми иҷроӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2018 ва муайян намудани вазифаҳои аввалиндараҷа дар семоҳаи дуюми соли равон буд. 

Дар ин ҷаласа чорабиниҳои нисбатан муҳим ва комёбиҳои ба дастомада ва камбудиҳои рухдода, ҳамчунин муҳимтарин чорабиниҳо дар самти муҳофизати аҳолӣ ва қаламрави кишвар дар семоҳаи дуюми соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Аз ҷумла, ҳисоботи роҳбарони озмоишгоҳи кимиёвӣ ва радиометрӣ, қисми ҳарбикунонидашудаи наҷоти кӯҳии шаҳри Норак, раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ дар бораи корҳои анҷомдодаашон ва ворид намудани пешниҳодҳо оид ба ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда шунида шуданд. 

Ба масъалаҳои омодагии ҳарбӣ, сиёсии қисмҳои ҳарбӣ, фаъолиятҳои ҳаррӯзаи неруҳо, таъминоти ақибгоҳ, истифода, нигаҳдорӣ ва таъмири техникаи низомӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, фароҳам овардани шароит барои хизмати ҳарбии сарбозон диққати бештар дода шуд. 

Баъдан ҳисоботи фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумита шунида шуданд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

барчасп: