Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари тарма
Чоп шуд: 20/03/2017 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти боду ҳавошиносон аз 21-ум то 23 марти соли 2017 дар қаламрави Тоҷикистон обу ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар баъзе минтақаҳо боришҳои пуршиддат пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар маҳалҳои куҳӣ барфи тар меборад.