Сӯхтор дар як бинои бландошёнаи шаҳри Кӯлоб: Имдодгарон сокинони дар гирдоби оташмондаро ба ҷойи амн бурданд

Ҳеҷ кас аз хатари офатҳои табиӣ ё техногенӣ эмин нест. Аммо наҷотдиҳанда будан ба он маъност, ки ҳамарӯз омода бошӣ, то ҷони инсонҳо аз хатарҳои эҳтимолӣ бираҳонӣ. Ва ин худ қаҳрамонӣ аст, агар як нафар бо кумаки ту аз марг наҷот ёбад.

Ҳар як наҷотдиҳанда дарк мекунад, ки пушти сари ӯ ҷони инсон, моликияти давлатӣ ва шахсӣ аст. Аз ин рӯ, бо камоли ҷасорату матонат барои ҳифзи он талош мекунад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари тарма сел дар рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои оянда низ хатари лағжиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад ва дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳо дар назар дошта шудааст.

Ифротгароӣ ва терроризм-зуҳуроти номатлуби замони муосир

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби

КҲФ ҳушдор медиҳад: Хатари тарма боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Хатари тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 2- 3 апрели соли равон бар асари боло рафтани ҳарорати ҳаво дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хатари лағзиши тармаву резиши санг таҳдид мекунад. Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш

Заминларза дар кишвар

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 28 марти соли равон, соати 15:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 313 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 60-километрии ҷанубу ғарб аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар қаламрави Афғонистон буд.

Страницы