Ҳалокати 4 нафар дар як садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Чаноқ
Чоп шуд: 29/03/2024 | redaktor
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайомадҳои садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф намуда, ба як мусофири маҷрӯҳ кумак расониданд.
28 марти соли 2024, соати 12:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории КҲФ дар бораи рух додани садама дар километри 148,3 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнин мегузарад, хабар расид.