КҲФ: Хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!
Чоп шуд: 28/03/2024 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 28-29-уми марти соли равон бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ҳамчунин навоҳии ғарбии ВМКБ лағзиши тарма ва резиши санг пешбинӣ мешавад.