Курси омӯзишӣ барои сардорони Шуъба ва бахшҳои кадрии ҷузъу томҳо
Чоп шуд: 21/07/2023 | redaktor
Бо мақсади тақвият додани донишу малака ва расонидани ёрии амалӣ ба масъулини кадрии ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи омӯзишӣ тасдиқ карда шуда, дар асоси фармоиши Раиси Кумита, 20 июли соли 2023 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита курси омӯзишӣ гузаронида шуд.