Обхезии бесобиқа дар Италия 13 нафарро ҳалок ва ҳазорон нафарро маҷбур ба фирор аз манзилҳояшон кард
Чоп шуд: 19/05/2023 | redaktor
Бар асари обхезӣ дар Италия 13 нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 13 ҳазор тарки манзилҳои худ карданд. Аз боронҳои пуршиддати рӯзҳои охир ҳамаи дарёҳо миёни шимолу шарқи соҳилҳои Руминия ва шаҳри Болоня, ки 115 километр дуртар аз ҳам ҷойгиранд, лабрез шуданд ва об аз соҳилҳои маъмулӣ берун шуд.
Истиқоматгоҳҳо, зироати кишоварзон зери об монд, 400 роҳи мошингард хароб гардид.