Дар шаҳри Кӯлоб соҳили сойҳо ва дигар махзанҳои обтоза карда шуд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бо мақсади пешгирии  офатҳои табиии эҳтимолӣ, омадани сел ва ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳашарҳо ташкил ва гузарониданд. Онҳо селроҳаҳо, соҳили каналу обанборҳо, сойҳо ва ҷӯйборҳоро тоза карданд.

Вохурӣ дар масоили пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

15 майи соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳо оид ба ҳуқуқҳо зидди амалҳои коррупсионӣ мулоқоти кормандон бо полковники адлия Насриддинзода Қиёмуддин Шовалӣ, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дарсҳои омӯзишӣ барои сокинон. Бояд ҳама бидонанд, ки дар вақти заминларза чӣ бояд кард (ВИДЕО)

Чи тавре ки таҷрибаи бисьёрсола нишон медиҳад, масъалаи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти заминҷунбӣ барои баъзе шаҳрвандон чандон муҳим нест.  Бо дарназардошти ин, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Душанбе оид ба риояи чораҳои амниятӣ ва муҳофизатӣ ҳангоми заминларзаи эҳтимолӣ ва пешгирии ҳодисаҳои...

Ҳалокати се ноболиғи дигар. Сабаб беназоратии онҳо аз ҷониби волидон

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар омадани селҳо ва се ҳодисае ба қайд гирифта шуд, ки анҷоми фоҷеавӣ дошт. Се тифл дар об ғарқ шудаву ҳар се ба ҳалокат расиданд. Онҳо аз 14 то 3 сол доштанд. Ҳамаи онҳо дар назди махзанҳои об бе назорати волидон қарор доштанд.

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои...

Хабарҳои рӯзи гузашта: заминларза, ҳалокати ноболиғ ва ҳамлаи хирс ба чорво

Бино ба ахбори фаврии Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза, як ҳодисаи нохуш дар об ва ҳамлаи хирс ба рамаи ҳайвонот ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми майи соли равон соати 18:07 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Страницы