Се фоҷеа аз беэҳтиётӣ. Яке 80 сол дошту дигаре 32 ва сеюмӣ ҳамагӣ 4-сола буд
Чоп шуд: 06/05/2023 | redaktor
Аз 5 то 6 майи соли 2023 дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд, вале ҳодисаҳои нохуше, ки ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва нодида гирифтани ҳушдорҳои КҲФ иртибот доранд, сабт шуданд.
Пештар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ дар мавриди хатари чорвочаронӣ дар манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳушдор дода буд.