КҲФ: Роҳи Душанбе – Хуҷанд барои мошинҳои боркаш баста аст. Тавсияҳо ба ронандагон ва сокинон
Чоп шуд: 08/01/2023 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба хабари навбатдори ширкати роҳи IRS хабар медиҳад, ки 8-уми январи соли 2023 дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд бар асари бориши барфи шадид ба ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд.
Роҳ танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз аст.