Январи гарм дар Аврупо. Ҳаво дар 8 кишвари ин қора ба ҳадди рекордӣ гарм шуд
Чоп шуд: 05/01/2023 | redaktor
Аз аввали моҳи январ гармои ғайриинтизор кишварҳои Аврупоро фаро гирифт ва дар баъзе минтақаҳо ин гармӣ ба ҳадди рекордӣ расид. Нархи биржавии газ ба ҳадди то замони ҷангӣ поин рафт. Лаҳистон, ки дар асл як кишвари чандон гарм дар фасли зимистон аст, рӯзи якшанбеи гузашта 19 дараҷа гарм буд. Дар шаҳри испонии Билбао ҳамон рӯз дамои ҳаво ба +25 дараҷа расид, ки он дар қиёс ба рӯзҳои аввали моҳи январ 10 дараҷа зиёд буд.