Бо ҳам дар пайроҳаи саломатӣ (ВИДЕО)

27 майи соли 2023 бо мақсади татбиқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рушд ва таблиғи варзиш, тарзи ҳаёти солим кормандони КҲФ дар боғи Алишери Навоии шаҳри Душанбе сайругашти  ҷамъӣ бо хатсайри махсус  - терренкур, ки онро “пайроҳаи саломатӣ” низ меноманд, гузарониданд.

Терренкур лафзи фаронсавии terrain — ҷой, макон ва cours — роҳи саломатӣ буда, як шеваи «озоди» сайругашт, роҳпаймоии дастаҷамъӣ ё ба танҳоӣ мебошад, ки тобовариро рушд медиҳад кори системаи дилу рагҳо ва роҳҳои нафаскаширо беҳтар мекунад, табодули модаҳоро дар бадан ба низом медарорад. 

Дар ин сайругашти субҳгоҳӣ беш аз 100 нафар кормандони дастгоҳи марказии Кумита ширкат карданд ва қарор аст ин тадбир дар оянда низ мунтазам амалӣ гардад. 

барчасп: