Чор сокини деҳаи Ғазани Поёни Панҷекат аз таъсири гази карбон ҳалок шуданд. КҲФ ҳушдор медиҳад!

2 январи соли 2022 чор нафар сокинони деҳаи Ғезани Поёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷекати вилояти Суғд, ки ду нафари онҳо бародарон буданд, ҳангоми ангишткании ғайриқонунӣ дар кони ангишти наздикии мавзеъи Ишакон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гази карбон заҳролуд шудаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Вақте шабона онҳо ба хона барнагаштанд, пайвандонашон...

Се амалиёти наҷот то ва баъди Соли нав

Рӯзи охири соли гузашта дастаҳои наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба аз қароргоҳи худ барои наҷоти одамон дар лифтҳои харобшуда берун шуданд ва ин ду бор ҳам ду бонуи дар дохили лифтҳо бандмондаро солим берун оварданд.

Даъвати аввал аз ҷониби як сокини кӯчаи Зарафшон-1, бинои М-11...

Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони азизу арҷманд!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо бо фарорасии соли 2022 муборакбод мегӯяд! Бигзор Соли нав барои шумо бехатартарин сол бошад! Саломатӣ, меҳрубонӣ, шукуфоӣ насиби шумо ва наздиконатон!

Шодиҳои соли сипаришаванда дар Соли нав идома хоҳанд кард ва заминаи хуби амалҳои нав, дастовардҳо ва

Туҳфаҳои солинавии Президенти кишвар ба сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии КҲФ тақдим шуд

Дар остонаи таҷлили Соли нави мелодӣ бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсӣ, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчун хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз номи Сарвари кишвар туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.

Шӯрои бонувони КҲФ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард

Дар ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои бонувони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти Шӯро ҷамъбаст гардид. Ин ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси КҲФ полковник И.Иброҳимзода гузашт.

Дар вохӯрӣ занон - хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи гарнизони Душанбе иштирок

Страницы