Чанд рӯйдоди шабонарӯзи гузашта. Тифлони танҳо паси дарҳои баста. ВОЛИДОН ЧАРО ЭҲТИЁТ НАМЕКУНАНД?

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон аз қароргоҳи худ берун шуданд ва дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт ду дари бастаро боз намуданд. Ҳодисае, ки қариб ҳар рӯз такрор мешавад.

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар шаҳри Ҳисор

24 декабри соли 2021 дар толори Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бахшу шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ минтақаи Ҳисор дар соли 2021 гузаронида шуд.

Дар ҷаласаи мазкур сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита полковник Камолов Ҷамшед,  сардори шуъбаи...

Ҷаласаи ҷамбастии фаъолияти хизматии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон баргузор шуд

24 декабри соли ҷорӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамбасти фаъолияти хизматии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он баргузор шуд, ки дар он муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Исозода С. иштирок намуд.

Сагҳо ва кӯдакон. Ишора ба чанд иштибоҳи волидон

Саг қабл аз ҳар чизи дигар посбони хонаву дар аст ва одамони зиёде ҳастанд, ки дар хона саг нигоҳ медоранд. Баъзе хонаводаҳое, ки кӯдаки хурдсол доранд, мехоҳанд саг дошта бошанд, чун дар филмҳо мебинанд ва дар китобҳо мехонанд, ки сагҳо дӯстони вафодору шафиқ барои тифлонанд. Вале зиндагии воқеъӣ на ҳамеша шабеҳи афсона аст. Волидон қабл аз он ки тасмим гиранд барои фарзандонашон саг дошта бошанд, дар фикри амнияти онҳо низ бояд бошанд.

Ҳушдори КҲФ: Борону барф ва ҳавои сард дар пеш аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 26-27 декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва ин борон гоҳо ба барф табдил мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои

Страницы