Дар Кумита Рӯзи Артиши Миллӣ ҷашн гирифта шуд
Чоп шуд: 22/02/2025 | redaktor
Санаи 21 феврали соли 2025 дар Дастгоҳи марказии Кумита бо иштироки Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинони раиси Кумита, Шӯрои собиқадорон ва ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 солгарди таъсисебии Артиши миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раҳбарияти Кумита ва намояндагони Шӯрои собиқадорони Кумита суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар таъсис ва рушди Артиши миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми нотакрор ва арзанда гузоштааст.