Чор узви як оила дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз дуди ангишт заҳролуд шуданд
Чоп шуд: 26/12/2024 | redaktor
Тибқи маълумоти сардори шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳияи Шоҳмансур шаби санаи 24 декабри соли 2024, дар маҳаллаи Ховарон, шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансур, 4 нафар шаҳрвандон, аз ҷумлаи аъзои як оила аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шуда, ба беморхонаи марказии тиббии №3-и шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд.
Айни замон беморон дар ҳуҷраи наҷоти шуъбаи заҳролудшудагон таҳти назорати табибон қарор доранд.