Ҷаласаи Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) дар раёсати Суғд  

Ҷаласаи Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) дар раёсати Суғд 17 – уми декабри соли 2024 дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи кории Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) -и вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз фоҷеаҳои эҳтимолии истифода аз ангишт дар кишвар!

Оғози фасли зимистон ва фаро расидани фасли сард инсонҳоро бояд бештар ботаваҷҷуҳ кунад. Истифода аз маводи сӯхт барои гарм кардани хонаҳо ё дастгоҳҳои барқӣ қоидаҳои худро доранд. Бахусус истифода аз дастгоҳҳои худсохти барқӣ метавонанд сабабгори сӯхтор шавад. Истифода аз ангишт масъулияти бештар талаб мекунад. Ин василаи гармидиҳанда, ки дар кишвар бисёриҳо аз он истифода мекунанд, илова ба он ки муфид асту як воситаи хуби наҷот аз сардист, дар сурати риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ метавонад маргбору кушанда бошад.

Заҳролуд шудани чор кӯдаки як оила аз ангишт дар Шаҳристон. Ду тани онҳо ҷон бохтанд, дуи дигар дар ҳоли вазнин

Ин ҳодиса шаби гузашта, 17-уми декабри соли 2024 рух дод. Чор кӯдаки як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Ду нафар ҷони худро аз даст доданд, ду нафари онҳо дар ҳоли вазнинанд. Ба назар мерасад огоҳиву ҳушдорҳо дар мавриди истифода аз ангишт, ҳезум, асбобҳои барқӣ ба гӯши баъзеҳо намерасад. Беаҳмиятиву беназоратиҳо ин гуна фоҷеаҳои мудҳишро ба дунбол доранд. АСЛИ ХАБАР: 17 декабри соли 2024, соати 05:30 дақиқа дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон 4 кӯдаки ноболиғ аз як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд ва аз ҳуш рафтанд.

Ҷустуҷӯи ғарқшудагон дар садамаи рӯзи 15-уми декабр дар Айнӣ идома дорад

Дар фоҷеаи рӯзи 15-уми декабри соли равон се нафар ғарқи дарёи Фон шуданд. Имдодгарон мошинро аз умқи дарё берун оварданд, ҷасаде дар он дида нашуд. Ҷустуҷӯ идома дорад.

Ҳисобот оид ба мониторинги муҳити зист. Июл то декабри соли 2023

Ин Ҳисоботи нимсолаи мониторинги муҳити зист (ҲНММЗ) барои гранти БОР 0865- TAJ: Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ (ЛМИХОТ) (Маблағгузории иловагӣ) омода шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) дархост намуд, ки барои васеъ намудани доираи лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ (ЛМИХОТ, G0614-TAJ), ки (i) кӯшишҳои ҳукуматро барои коҳиш додани талафоти иқтисодӣ дастгирӣ мекунад, маблағгузории иловагӣ ҷудо намояд.

Страницы