Ярч дар Ваҳдат ба ду хоҷагӣ зарар расонд

14 сентябри соли 2021 тахминан соати 01:15 дар деҳаи Тундараи ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат ярч ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он  иншооти ёрирасони ду сокини  деҳа ва чойхонаи ҷамъиятӣ қисман хароб шудааст. Ҳаҷми ярч тахминан 1440 метри мураббаъ ҳисоб карда шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ сабаби рониши замин аз меъёр...

Сӯхторҳои бузурги олам. Аз Тахти Ҷамшед то оташсӯзии Лондан соли 1666

Сӯхтор яке аз қадимитарин болоҳоест, ки метавонад дар як замони басо кутоҳ кулли дороии инсонҳоро ба комаш кашад, ҷонҳоро ситонад, одамонро маҷрӯҳу маслуқ созад, рустоҳову шаҳрҳоро ба хок яксон кунад. Онро сӯхтани маводи сӯхтанӣ таъриф мекунанд ё оташе медонанд, ки нохоставу ғайриихтиёр ба вуҷуд меояд, дар як муддати басо кутоҳ аз назорат хориҷ мешавад, ки маъмулан бо дуди ғализу ҳарорати баланд ҳамроҳ аст.

Ҳалокати 5 нафар дар ду садамаи маргбори мошин дар роҳҳои кишвар

Дар ду садмаи маргбор, ки яке дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва дуюмӣ дар ноҳияи Рӯшон рух дод, 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ду маврид ҳам ронандагон аз уҳдаи идораи мошинҳои худ набаромаданд. Дар ду маврид ҳам ду мошин ба ҷарии умқашон то 200 метр фурӯ рафтанд. Ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намекунанд. Агар риоя мекарданд, дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 10 мошин ба ҳам барнамехӯрданд

Ғолибони бозиҳои варзишӣ қадрдонӣ шуданд

14 сентябри соли равон ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти варзишӣ пирӯз омада буданд, бо ҷому дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар роҳандозӣ шуда буданд.

Фоҷеаи «Гинденбурд» ва «Осоавиахим». Анҷоми давраи дирижаблҳои гидрогенӣ

Бузургтарин фоҷеаи дирижабл суқути «Гинденбурд»- яке аз калонтарин дирижаблҳои он замон буд, ки 6 майи соли 1937 дар пойгоҳи ҳавопаймоии Лейкхерсти шаҳри Манчестер-Тауншипи ИМА иттифоқ уфтод. Ин дирижабл ҳангоме сарнагун шуд, ки мехост баъди анҷоми маъмурияташ фуруд ояд ва он баногаҳ оташ гирифт ва ба замин зад. Зарфи 34 сония комилан сӯхта ба хокистар табдил ёфт. Аз 97 нафаре, ки дар он савор буданд...

Страницы