Рӯзи иқлим дар Кохи Сафед. Байден Амрикоро ба муоҳадаҳои байналмилалии мубориза бо тағйири иқлим бармегардонад

Президенти ИМА Ҷо Байден чанд фармонеро дар мавриди мубориза бо тағйири иқлим имзо кард. Аз ҷумла аз ин ба баъд Ҳукумати ИМА дигар барои пармакунии чоҳҳои нави нефтиву газӣ дар замини федерол литсензия намедиҳад.  Интизор меравад ин дастурҳо, ки тафовути басо ҷиддӣ бо сиёсатҳои ҳукумати қаблӣ доранд, ба муқовиматҳои шадиди саноати энержӣ рӯ ба рӯ шавад.

Ёде аз таърих. Заминларза дар Кобе, 1995

Яке аз бузургтарин заминларзаҳо дар таърихи Ҷопон аст, ки 17 январи соли 1995, соати 05:46 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух додааст. Шиддати он тибқи ҷадвали Рихтер 7,3 балл будааст. Бино ба омори расмӣ дар ин зилзила 6 434 нафар ба ҳалокат расиданд.

 ПАЁМАДҲОИ ОН: хароб шудани 200 ҳазор бино, 1 км роҳи зудҳаракат дар Ҳансин, вайрону валангор шудани 120...

Роҳандозии корҳои таблиғотиву соҳилбандӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, коҳиши хатари офатҳои табиӣ як силсила корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва пешгирикунанда ба роҳ монда шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Чунин чорабиниҳои мухталиф аз тарафи кормандони бахши Раёсати вилоят дар ноҳияи Шаҳристон дар ҳамкорӣ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо ҷалби аҳолии деҳа ба роҳ...

COVID-19: Сирояти шеру бабрҳои боғи вуҳуши шаҳри Бороси Шветсия гирифтори коронавирус шуданд

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирусро 100 миллиону 839 ҳазору 430 нафар ва фавтидагонро 2 миллиону 167 ҳазору 328 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 203 ҳазору 967 нафар ба коронавирус сироят шудаву 6 298 нафар ҷон бохтаанд. Аз муолиҷаи пурраи 72 миллиону 867 ҳазору 372 нафар хабар дода мешавад. 110 ҳазору 398 нафар дар олам...

Инфиҷори як баллони газ дар ошхона ҷони 23 нафарро дар хатар гузошт. Шарҳи расмӣ

Бино ба иттилои бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат рӯзӣ 25 январи соли равон бар асари таркиши як баллони гази моеъ дар ошхонаи Самарқанд воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 157-и шаҳр 23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда...

Страницы