Тамринҳои ситодии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади таъмини омодагии доимӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ва ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, 18 феврали соли 2021 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе...

Артиши миллӣ-сипари боэътимод ва омили зиндагии ободу осудаи кишвар

Барои он, ки дар бораи Артиши миллӣ –ҳамчун сипар ва ҳимоятгари кишвари азизамон сухан ронем, мехоҳам аз таърихи гузаштагонамон, аниқтараш аз подшоҳи хирадманду адолатпеша, номбардору қавиирода ва сарлашкари тавоное, ки бо тадбиру салоҳ ва талошҳои ҷонгудозе давлати Сомониёнро ривоҷу равнақ ва нашъу намо дод, Амир Исмоили Сомонӣ ёдовар шавем.

Пирӯзии тими КҲФ дар футболи хурд ва шатранҷ дар бозӣ бо тимҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар

Аз 17 то 20 феврали соли 2021, дар Клуби марказии артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар баргузор шуд.

16 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз дар роҳи Хоруғ – Ишкошим. Тарма ва сангрезиш роҳро муваққатан баст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон аз сабаби гармии ҳаво ва баъдан бориши барфу борон дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.
Чунончӣ, зарфи як шабонарӯзи гузашта дар роҳи

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 112 миллион наздик мешавад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба вируси корона дар оламро  111 миллиону 970 ҳазору 286 ва ҷонбохтагонро 2 миллиону 478 ҳазору 354 нафар эълон намуд. Шабонарӯзи гузашта 119 ҳазору 667 нафар сироят шуданд ва 2 592 нафар фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 87 миллиону 340 ҳазору 455 буда, ҳоло 94 183 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Страницы