COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 112 миллион наздик мешавад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба вируси корона дар оламро  111 миллиону 970 ҳазору 286 ва ҷонбохтагонро 2 миллиону 478 ҳазору 354 нафар эълон намуд. Шабонарӯзи гузашта 119 ҳазору 667 нафар сироят шуданд ва 2 592 нафар фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 87 миллиону 340 ҳазору 455 буда, ҳоло 94 183 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

То ба имрӯз дар саросари ҷаҳон барои эмкунии сокинони Сайёра 200 миллион доза воксан истифода шудааст. 45% ин ба кишварҳои “Ҳафтгонаи бузург” (Британияи Кабир, Олмон, ИМА, Канада, Италия, Фаронса, Ҷопон) рост меояд. Аз сӯи дигар 92% ин дозаҳоро сокинони кишварҳо бо даромади баланд дарёфт кардаанд. Суръат воксанкунӣ дар Африқо хеле суст аст, қисмати бештари ин қора ҳоло ақалан эмкуниро ҳам оғоз накардааст.

Аз ин пештар президенти Фаронса Эмануэел Макрон аз кишварҳои Аврупо ва Амрико хоста буд барои оксанкунии сокинони қораи Африқо кумак кунанд. Кишварҳои Африқо ба ин умеданд, ки дар доираи барномаҳо ва схемаи байналмилалӣ ва минтақавӣ соҳиби воксан хоҳанд шуд. Яке аз ин схемаҳо ташаббуси Covax – механизми ҷаҳонии дастрасӣ ба воксан зидди COVID-19 мебошад, ки беш аз 170 кишвари оламро дар бар мегирад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд мамолики Африқо то охири  моҳи феврали соли равон аввалин бастаҳои воксанро дарёфт хоҳанд кард.  

Исроил  аз дирӯз, якшанбе, 21 феврал маҳдудиятҳои зиддикоронаиро лағв кард. Қариб ниме аз сокинони ин кишвар ҳаддиақал дозаи аввали воксан зидди коронвирусро гирифтанд. Ҳоло дар саросари кишвар варзишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои динӣ фаъолиятҳои худро аз сар хоҳанд гирифт. Ононе, ки мехоҳанд вориди ин иншоотҳо шаванд, бояд ҳуҷҷате дошта бошанд, ки эм карда шудаанд ва ё маълумотнома дар мавриди ҳосил кардани антитела.  

Дар Австралия эмкунии аҳолӣ оғоз гардид.

Дар Украина ба наздики 500 ҳазор доза воксани AstraZeneca аз Ҳинд хоҳад расид.

Шабонарӯзи гузашта 766 мубталои нав ба коронавирус дар Қазоқистон бақайд гирифта шуд, аз ин беморӣ боз 6 нафар фавтиданд.

Қирғизистон аз кашфи боз 54 сироятшудаи нав хабар дод.

То 22 феврали соли 2021 дар Ӯзбекистон 79 654 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Дафтари  матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар кишвар ягон ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.