Тамринҳои ситодии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади таъмини омодагии доимӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ва ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, 18 феврали соли 2021 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, тамриноти ситодии мудофиаи граждании давраи зимистона дар мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳангоми иҷрои корҳои бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дошта», гузаронида шуд.

Дар тамрини мазкур 12 нафар муовинони зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе даъват шуда буданд. Инчунин дар он 6 нафар сардорони ситоди иншооти иқисодии шаҳри Душанбе ва ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ширкат карданд. 

Гуфтанист, ки ин машқҳо дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе,  № 659 аз 21 декабри соли 2020 «Дар бораи тасдиқ намуданӣ Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 роҳандозӣ мешаванд

О. Фахриддинзода