Овезаҳои иттилотии пешгирӣ аз коронавирус дар пойтахти кишвар насб шуданд

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз авҷи бемории коронавирус хабар дод ва онро ҳамагирии нав ва хатар ба ҷони оламиён эълон кард. Ҳамон вируси кушандае, ки охири соли гузашта дар Вуҳони Чин пайдо шуд ва ҳоло бештар аз 25 миллион сокини Сайёра мубталои он аст.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хатари вирус табдирҳои

Арзи сипос. Сокини ноҳияи Кушониён дар “Ҷумҳурият” навиштааст

2 августи соли равон, тахминан соатҳои 18:00, оилаи Муҳаббатовҳо аз самти шаҳри Бохтар бо мошини мусофиркаш ба самти ноҳияи Вахш сафар мекарданд. Ронанда аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар деҳаи Ворошилови деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ба садама дучор шуд. Автомобил ба тарафи рости роҳ баромада, аз болои пули мошингузари деҳа ба канали об афтида, дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт.

Тобистони ғайримуқаррарии 2020. Донишмандон рекорди нави гармо дар Сайёраро пешбинӣ карданд

Тобистони соли 2020 дар ҳақиқат як тобистони ғайримуқаррарӣ буд ва бо тӯфонҳои ваҳшатноку обхезиҳои ҳайратовар ва боз хушксоливу селҳои харобкораш ҳатто аз тобистони соли гузашта фарқ мекард. Донишмандон мегӯянд ин бори дигар тағйири ҷаҳонии иқлимро тасдиқ мекунад ва соли 2020 дар панҷгонаи гармтарин солҳо зарфи ним асрест, ки мушоҳида мешавад.

Чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар Суғд

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он ҳушдор додааст, ки мавҷи дуюми беморӣ шадидан ба иқтисодиёти кишварҳо зарба зада, шумораи фавтидагон ба маротиб зиёд гардида истодааст.
Хушбахтона, сатҳи сироятёбӣ ба ин беморӣ дар қиёс бо

Ширкати кормандони КҲФ дар сафороии ҳарбӣ (ВИДЕО)

3 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе бо ширкати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон сафороии ҳарбӣ доир шуд, ки дар он сарбозону афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Страницы